Дар бозии марказии даври ҳафтуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат рӯзи 24 май дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби калони 3 бар 0 дастболо шуда, зинаи дуюми ҷадвали мусобиқаро касб кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозиҳои рӯзи 23 юми майи ин давра дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) дар майдони худ аз дастаи «Далерон_Ӯротеппа» (шаҳри Истаравшан) бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрда, «Равшан»-и Кӯлоб бо душворӣ бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи КМВА «Помир»(Душанбе) дастболо гардид ва вохӯрӣ миёни дастаҳои «Вахш» (Қӯргонтеппа) ва «Барқи тоҷик» (Душанбе) мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфт.
Гуфта мешавад, бозиҳои ин даври мусобиқа рӯзи 29 май бо вохӯрии дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) анҷом мепазиранд.



