Анонс
– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ барпо мешавад;
– Соати 09-00 дар меҳмонхонаи «Серена» барои кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои пӯшида ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Тадриҷан аз байн бурдани хушунат нисбати кӯдакон дар муассисаҳои ислоҳӣ дар Осиёи Марказӣ» тренинг ба кор шурӯъ мекунад. Дар тренинг ноиби президенти Кумитаи ҳуқуқи кӯдакони СММ, мутахассисони ин соҳа аз Сербия ва Қирғизистон ва ҳамчунин Тоҷикистон ба сифати коршиносон ширкат меварзанд.
Қ
урби
асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
6.2692
сомонӣ;
1
евро –
6.9805
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1315
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1933
– Таъсиси ноҳияи Ванҷ.
1945
– Дар Душанбе корхонаи «Трактородеталь» ба кор оғоз кард.
1962
– Ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Киев.
1993
– Миёни Тоҷикистону Русия Шартнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расид.
2004
– Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи Қулма-Қарасу боз шуд. Бо ифтитоҳи он роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма-Қарақорум расман ба фаъолият шурӯъ кард.
2010
— Дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе собиқ раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз олам даргузашт.
2014
— Собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид.
1926
– Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия Абдуҳамид Ҷалилов.
1929
– Мавлуди доктори илмҳои геолого-минералогӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Суннатулло Бобохоҷаев.
1937
– Зодрӯзи журналист Қадам Мӯъминшоев.
1946
– Мавлуди нависанда Сулаймон Эрматов.
1948
– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Ҳабибулло Бекмуҳаммад.
1949
– Мавлуди журналист Турсунпӯлод Аминҷонов.
1965
– Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Бахтиёр Худоназаров.
1972
– Мавлуди журналист Самариддин Асозода.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +12+17.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +13+18; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +8+13.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, жола.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, рӯзона бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +24+26.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15.



