Баррасии масъалаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида

Рӯзҳои 25-27 майи соли 2015 дар ш. Душанбе давраи омӯзишӣ барои кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои пӯшида ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои маҳрумият аз озодии Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин лоиҳа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ шуда, ҳадафи он […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзҳои 25-27 майи соли 2015 дар ш. Душанбе давраи омӯзишӣ барои кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои пӯшида ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои маҳрумият аз озодии Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.


Ин лоиҳа бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ шуда, ҳадафи он коҳиши ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида, манъи ҳабси инфиродии ноболиғон, инчунин ҷудо нигоҳ доштани кӯдакон аз калонсолон ва духтарон аз писарон дар тамоми муассисаҳои маҳрумият аз озодӣ мебошад. Тарҳи мазкур дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои миллии ҳомии ҳуқуқи инсон (Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) татбиқ мешавад.

Ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона аҳамияти хос дорад. Зеро беҷазоии шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ, на роҳу усули ҳуқуқӣ, воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва расидан ба ҳадаф дар зиндагӣ мешавад. Ҳолатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аксаран аз мадди назар дур монда, ба қайд гирифта намешаванд. Пажӯҳиш оид ба зӯроварӣ, ки онро СММ дар соли 2006 гузаронида буд, исбот кардааст, ки кӯдакони дар муассисаҳои парасторӣ ва маҳрумият аз озодӣ ҷойдошта назар ба тамоми кӯдакони дигар амалан бештар дучори хавфи зӯроварӣ мешаванд. Мониторинги муштараки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон додааст, ки сарфи назар аз кӯшишҳои давлат, паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон зиёд аст.

Дар доираи лоиҳа воридсозии меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба қонунгузории миллӣ, таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, роҳандозии барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона, таҳияи барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд ва як қатор чорабиниҳои дигар пешбинӣ шудаанд.

Давраи омӯзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони муассисаҳои пӯшида оид ба масоили ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ҳамчунин истифодаи меъёрҳои байнулмилалии муносибат бо кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида равона шудааст.

Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва Намояндагии Раёсати Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ барои созмондиҳии ин давраи омӯзишӣ мусоидат карданд.

Ба ҳайси коршиносони давраи омӯзишӣ ноиби раиси Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ, коршиносони байнулмилалӣ аз Сербистону Қирғизистон ва мутахассисони тоҷикистонӣ даъват шудаанд.

Дар Тоҷикистон лоиҳаро 

Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) дар ҳамдастӣ бо 


Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ амалӣ месозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.