Дарёфти беш аз 75 кило маводи мухаддир дар автомашинаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ



Кормандони милиса рӯзи 25 май зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар қаламрави шаҳри Душанбе сокини 41-солаи ноҳияи Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, боздоштшуда қаблан мутобиқи моддаи 335-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон) махкум шудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Лексус RX-330»-и мутааллиқ ба ӯ аз дохили бағочаш беш аз 75 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное