Иқтисодчӣ: Сабабҳои бунёдӣ барои таҳкими қурби сомонӣ ба мушоҳида намерасанд

Иқтисодчӣ Нозим Эшонқулов бар ин назар аст, ки яке аз сабабҳои то ба ин андоза коҳиш ёфтани қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон, мудохилаи Бонки миллӣ ба бозори асъор (маблағи пулӣ ворид кардан)-и кишвар буда метавонад. «Шояд Бонки миллӣ ҷараёни ташкили шабакаи заруриро ба итмом расонида, ба фурӯши асъор шурӯъ карда бошад», – гуфт ӯ дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Иқтисодчӣ Нозим Эшонқулов бар ин назар аст, ки яке аз сабабҳои то ба ин андоза коҳиш ёфтани қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон, мудохилаи Бонки миллӣ ба бозори асъор (маблағи пулӣ ворид кардан)-и кишвар буда метавонад.

«Шояд Бонки миллӣ ҷараёни ташкили шабакаи заруриро ба итмом расонида, ба фурӯши асъор шурӯъ карда бошад», – гуфт ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».

Мусоҳиб хотиррасон намуд, ки қаблан Бонки миллӣ аз фурӯши мустақими асъори миллӣ ба аҳолӣ даст кашида, изҳор карда буд, ки ин амалро тавассути бонкхои сатҳи дуюмдараҷа анҷом медиҳад.

Иқтисодчӣ зикр кард, ки барои ин нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳайати бонкҳо шомил карда шуданд, то ки «назорати қурб беҳтар гардида, мутаносибан захираҳо беҳуда харҷ нашаванд».

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки сабабҳои бунёдӣ барои таҳкими қурби сомониро ӯ мушоҳида намекунад.

Дар ҳамин ҳол, ба андозаи назаррас поинравии қурби доллари ИМА дар Тоҷикистонро

бархе аз коршиносон

ба коҳиши талабот ба ин асъор мансуб медонанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ 

қариб 2,5% поин рафт.

Рӯзи 25 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ 6,40-6,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Ахири ҳафтаи гузашта дар лавҳаҳои саррофиҳо ин рақамҳо 6,52-6,54 сомонӣ дарҷ ёфта буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио