Аз дасти худамон намеояду ба дигарон ҳам имкон намедиҳем?



Литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар Тоҷикистон ба «Мактабҳо барои хонандагони болаёқат» табдил дода мешаванд. Аллакай аз соли нави хониш мақоми ин муассисаҳои таълимӣ, тарзи таълим дар онҳо ва ҳамчунин барномаҳои дарсӣ тағйир меёбанд. Ғайр аз ин, ширкати туркии «Шалола», ки муассиси шабакаи литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар Тоҷикистон аст, аз мақоми муассис маҳрум карда мешавад.

Сардори Раёсати таълимоти томактабӣ ва мактабии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Абдуҷаббор Алиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун аз барномаи таълимии ин мактабҳо дарси забони туркӣ хориҷ гардида, вале низоми таълим дар онҳо чун пештара дар сатҳи хушсифат боқӣ мемонад. «Дар ин бора қарор қабул шуд, вале то ҳанӯз ҳеҷ санаде ба имзо нарасидааст», – иброз дошт ӯ.

Алиев илова намуд, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба тамдиди муҳлати қарордодҳо бо омӯзгорони фанҳои дақиқи литсейҳо  ва ҳамчунин ба даъвати омӯзгорон ба литсейҳо аз Покистону Русия омода аст.

Дар робита ба тақдири минбаъдаи ширкати «Шалола» ӯ зикр кард, ки танҳо баъди имзои созишнома миёни ҳукумат ва ширкат маълум хоҳад шуд, ки вазифаҳои минбаъдаи он аз чӣ иборат хоҳанд буд.

Абдусаттор Наҷмиддинов, директори генералии литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тайи моҳи ахир бо раҳбарияти Вазорати маориф ва илм доимо вомехӯранд.

«Дар бораи табдили литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ аллакай қарор қабул шудааст, вале алҳол тамоми ҷузъиёти он мушаххас нест. Бо ширкати «Шалола» низ то ҳол қарордод ба имзо нарасидааст, матни созишномаи навро мо надидаем ва маълум нест, ки ширкати мо кадом вазифаро иҷро мекунад», – таъкид дошт ӯ.


Медалҳои тилло ба мо лозим нестанд?

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 6 литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ амал мекунанд.  Ин литсейҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд фаъолият мекунанд. Айни замон директорони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар шаҳрҳои Турсунзодаву Кӯлоб ва Хуҷанд шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ширкати «Шалола» соли 2013 ба маблағи беш аз 5 млн. сомонӣ андоз пардохт намуд. Ғайр аз ин, муддати 10 соли фаъолият толибилмони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар олимпиадаҳои байнулмилалӣ 484 медал ба даст оварданд, ки 88-тои он тилло, 130-тоаш нуқра ва 266-тоаш медалҳои биринҷӣ аст.

Дар муқоиса бо литсейҳои туркӣ, ҳеҷ кадоме аз мактабҳои тоҷикӣ, аз ҷумла мактабҳо барои хонандагони лаёқатманд низ ба чунин дастовард ноил нашудааст.


Даъвати қатъи фаъолияти литсейҳо дар саросари дунё

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ВАО, ширкати «Шалола» зери нуфузи ҳаракати «Хизмет» қарор дорад, ки муассиси он ходими динии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен мебошад ва айни замон ӯ дар ИМА иқомат дорад. Дар Туркия алайҳи ӯ дар робита ба кӯшиши тағйири сохти давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Ф.Гюлен ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаст. Ахири соли гузашта  дар рӯзномаи маъруфи чопи Олмон «Зюддойче цайтунг» (Süddeutsche Zeitung) 

мусоҳибаи Фатҳуллоҳ Гюлен

  интишор шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи туркии англисизабони «Daily Sabah» рӯзи 19 май бо истинод ба президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ин робита дар маводи нашркардаи худ иттилоъ дод, ки Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон, Сомали ва Ҷопон ба қатъи фаъолияти мактабҳои туркӣ шурӯъ намуд, ки гӯё ба Фатҳуллоҳ Гюлен мансубанд. Ҳукуматдорони Туркия ба бастани муассисаҳои таълимии ӯ дар саросари дунё талош меварзанд.

Ҳамчунин Эрдуғон аз кишварҳои африқоӣ низ даъват кардааст, ки мутобиқи қонунгузории миллӣ дар низоми маорифи кишвари худ, мактабҳои Гюленро баста, муассисаҳои таълимии мустақили худро боз намоянд.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи президенти Туркия, дар мавриди бастани ин литсейҳо аллакай ба даст овардани розигии Озарбойҷону Габон ва Сенегал муясссар шудааст. Ба тасдиқи Эрдуғон, ин литсейҳо бо баҳонаи таълиму тадрис навъи фаъолияти ғайриқонуниро роҳандозӣ кардаанд.

Нашрия хабар медиҳад, ки ҳаракати «Хизмет» таҳти сарварии Гюлен дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар ИМА, Аврупо, Осиё ва Африқо беш аз 140 мактабҳои хусусӣ дорад. Нашрия менависад, бо фарогирии тамоми сатҳҳои таълиму тадрис ва эътиқод, ҳаракати «Хизмет» таъиноти ҳақиқии худ ба мисли ғасби ҳукумати Туркияро пинҳон мекунад.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Шалола» дар Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки ин ширкат ба Фатҳуллоҳ Гюлен ҳеҷ муносибате надорад. Дар ширкат зикр карданд, ки «Шалола» дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда, ширкати ин кишвар маҳсуб меёбад.

«Мо инкор намекунем, ки асосгузори «Шалола» Ҳоҷӣ Камол Эримез ҳаммаслаки Гюлен аст ва онҳо ҳатто ҳамроҳ маросими ҳаҷро адо кардаанд, аммо ба гунаи мисол, магар тиҷорати дӯсти шуморо метавон ба шумо нисбат дод?», – гуфтанд дар ширкат.

Мебояд гуфт, «Шалола» ҳамчун муассиси мактаби байнулмилалии Душанбе боқӣ мемонад, зеро иҷозатномаи он то соли 2020 мавриди амал қарор дорад.


Боз хоҳишмандони таълиму тадриси тоҷикистониён ҳастанд?

Ширкати туркии литсейҳоро таъсисдода замони шиддати даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳузур пайдо карда буд. Он замоне, ки аз норасоии омӯзгорони кишварро таркгуфта дар мактабҳо машғулиятҳо гузаронида намешуданду шумори синфҳои омӯзишашон бо забони русӣ ва дигар забонҳо кам мешуданд, литсейҳои туркӣ ҳадди ақал ин фазои холиро пур карда тавонистанд. Солҳои аввал таҳсил комилан ройгон буд, ҳарчанд тибқи шартнома толибилмон барои таҳсил бояд маблағ пардохт мекарданд.

Хеле дертар Русия ва Эрон низ хоҳиши боз кардани ба ин монанд муасcисаҳои таълимиро изҳор намуданд, вале ба ҷуз ваъда, дигар ҳеҷ пешравие дар ин самт ба вуқӯъ напайваст. Ба эҳтимоли зиёд, баъд аз чунин «таҷрибаи» ҳамтоҳояшон аз Туркия, ба гумон аст, ки дигар ширкатҳои Русия ва Эрон фикри ба Тоҷикистон омаданро кунанд. 

spot_imgspot_img

Популярное