Рустами Эмомалӣ 38 корманди Агентии зиддифасодро ба нафақа гусел кард

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба муносибати ба нафақа гусел намудани 38 нафар кормандони Агентӣ, ки ба синни нафақа расидаанд, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳҳурӣ, роҳбари ин ниҳод генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ ба кормандони собиқадори мақомот барои содиқона хизмат кардан дар назди халқу […]

Аваз Юлдошев



Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба муносибати ба нафақа гусел намудани 38 нафар кормандони Агентӣ, ки ба синни нафақа расидаанд, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳҳурӣ, роҳбари ин ниҳод генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ ба кормандони собиқадори мақомот барои содиқона хизмат кардан дар назди халқу Ватан, хизматҳои шоён, тарбияи мутахассисони ҷавон ва саҳми босазо гузоштан дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии давлат  миннатдорӣ изҳор намуда, онҳоро мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Гуфта мешавад, аз ҷумла 2 нафар кормандон ба Китоби фахрии Агентӣ дохил карда шуда, 4 нафар бо нишонаи сарисинагии “Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия” ва 15 нафар кормандон бо “Ифтихорнома”-и Агентӣ мукофонида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.