Идомаи ҷустуҷӯи ҷасадҳои дар садама фавтидаи сокинони ВМКБ

Корҳои ҷустуҷӯи се нафар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 10 рӯз қабл бар асари ҳодисаи нохуш дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ ба ҳалокат расида буданд, идома доранд. Шаби 16 май дар километри 369-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Дарвоз як кӯҳпораи бузурге ба болои автомашинаи тамғаи «Нисан-Патрул» чаппа шуда, дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Корҳои ҷустуҷӯи се нафар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 10 рӯз қабл бар асари ҳодисаи нохуш дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ ба ҳалокат расида буданд, идома доранд.

Шаби 16 май дар километри 369-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Дарвоз як кӯҳпораи бузурге ба болои автомашинаи тамғаи «Нисан-Патрул» чаппа шуда, дар натиҷа автомашина ба дарёи Панҷ сарозер рафт ва чор нафар сокинони ВМКБ ҳалок шуданд. Ҷасади як тан аз онҳо дарҳол пас аз ҳодисаи фоҷеабор дарёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳарчанд маҷрои тези оби дарё мушкилиҳои зиёд эҷод кунад ҳам, наҷотдиҳадагон корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳоро идома медиҳанд.

Бар асари ин садамаи маргбор ронандаи автомашина, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯшон Алидод Ниҳолов ва мусофирони автомашина – Саидқадам Худойбердиеви 55-сола, Худойбердӣ Худойбердиеви 43-сола ва ҳамчунин Нилуфар Эмолмназароваи 23-сола дар дарё ғарқ шуда, наҷотдиҳандагон то ҳол танҳо ҷасади ҷавонзанро дарёфт кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.