Таъсиси Ҷоизаи байнулмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Фаронса

Ба ифтихори мутафаккиру олими бузург, зодаи Бухоро Абӯалӣ ибни Сино дар Фаронса ба номи ӯ Ҷоизаи байнулмилалӣ барои дастовардҳо дар бахши тиб таъсис дода шуд. Хабаргузории CA-NEWS дар ин робита менависад, ҳадафи аслии таъсиси ҷоиза пешбурд ва муаррифии бештари мероси илмӣ ва инсондӯстонаи Абӯалӣ ибни Сино дар бахшҳои тиббу фалсафа ва фарҳанг дар миқёси ҷаҳонӣ […]

ASIA-Plus



Ба ифтихори мутафаккиру олими бузург, зодаи Бухоро Абӯалӣ ибни Сино дар Фаронса ба номи ӯ Ҷоизаи байнулмилалӣ барои дастовардҳо дар бахши тиб таъсис дода шуд.

Хабаргузории

CA-NEWS

дар ин робита менависад, ҳадафи аслии таъсиси ҷоиза пешбурд ва муаррифии бештари мероси илмӣ ва инсондӯстонаи Абӯалӣ ибни Сино дар бахшҳои тиббу фалсафа ва фарҳанг дар миқёси ҷаҳонӣ аст.

Ҷоизаи байнулмилалии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба намояндагони ҷомеаи илмии байнулмилалӣ ва кормандону коршинсони бахши тиб тақдим карда мешавад. Тибқи шартҳои озмун, 1 нафар номзад кишварҳои Аврупо, 1 нафар – кишварҳои назди Баҳри Миёназамин ва 2 кас – давлатҳои Осиёи Марказиро бояд намояндагӣ кунанд.

– Рӯзҳои 20-21 ноябр дар ҷараёни конфронси байнулмилии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мероси тиббии ибни Сино ва мушкилоти рӯзмарраи тибби муосир», ки дар Бухоро баргузор мешавад,маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони нахустини озмун доир мегардад, – менависад хабаргузории

Жахон

.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.