Баррасии таҳдидҳои вобаста ба маводи мухаддири аз Афғонистон бармеомада

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 26 май раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД, директори Хадамоти федералии Русия оид  ба  назорати   гардиши  маводи   нашъаовар  Виктор  Ивановро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили […]

ASIA-Plus



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 26 май раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СААД, директори Хадамоти федералии Русия оид  ба  назорати   гардиши  маводи   нашъаовар  Виктор  Ивановро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни мулоқот масоили марбут ба тақвияту густариши ҳамкории сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Русия дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, ба масъалаи тамаркузи талошҳои ҳарду кишвар ва кишварҳои узви СААД алайҳи таҳдидҳои вобаста ба маводи мухаддири аз Афғонистон бармеомада таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

«Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои расонидани кумаки техникӣ ба Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, омодагии кадрҳо дар ин самт ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.