Сафири ИМА: Обу энергетика метавонанд манбаъи муноқиша дар Осиёи Марказӣ бошанд



Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт бар ин назар аст, ки идоракунии захираҳои муштараки об ва энергетика яке аз масъалаи муҳими стратегӣ дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ ба ҳисоб меравад.

«Энергетика ва об метавонад манбаи муноқиша ё дар ҳолати идоракунии самараноки он манбаи ҳамкорӣ, рушди иқтисод ва сулҳу субот бошад», иброз дошт сафири ИМА дар маросими тақдим намудани техникаи обёрӣ ба аҳолии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳукумати ИМА ба воситаи лоиҳаи USAID “Мусоидат ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар ҳавзаҳои хурди об дар Осиёи марказӣ” барои барпо намудани шарикӣ ва вусъати ҳамкории байнисарҳадӣ байни ҷонибҳои идоракунандаи оби Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Маркази минтақавии экологии Осиёи марказӣ (CAREC) лоиҳаеро амалӣ мегардонад, ки он барои таъсиси Шӯроҳо оид ба идораи ҳавзаҳои хурди об кӯмак мерасонад. Шӯроҳои мазкур дар якҷоягӣ нақшаи фаъолияти байнисарҳадиро барои рушди пойдори ҳавзаҳои об тартиб медиҳанд. Инчунин, шӯроҳои мазкур ҳамкориро байни мақомотҳои марказӣ ва маҳаллӣ, ҷомеаҳои маҳаллӣ, истифодабарандагони об, деҳқонон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар гурӯҳҳои манфиатдор вусъат медиҳанд.

Ғайр аз ин, қайд мешавад дар хабари сафорат, лоиҳаи мазкур муколамаи фаромарзиро тавассути рушди ҳамкорӣ байни ҷонибҳои идоракунандаи оби ҳавзаҳои хурди Осиёи марказӣ баланд мебардорад. Ин фаъолият дар се дарёи хурди байнисарҳадии Осиёи марказӣ – Аспара, Исфара ва Угам – амалӣ мегардад.

Аз сабаби сатҳи баланди таҳшиншавӣ шӯро оид ба идораи ҳавзаҳои хурди оби ноҳия Исфара тоза кардани каналҳои обёриро яке аз фаъолиятҳои афзалиятнок муайян намуд. Онҳо гранти аз USAID гирифташударо дар ҳаҷми 50 000 доллари ИМА барои хариди трактор сарф карданд, ки онро барои тоза кардану нигоҳ доштани канали обёрӣ истифода хоҳанд кард. Имрӯз ин трактор ба Раёсати идоракунии захираҳои оби ноҳияи Исфара супорида шуд. Шӯро оид ба идораи ҳавзаҳои хурди оби Қирғизистон низ қарор карданд, ки барои тоза намудани каналҳои обёрӣ трактор харид намоянд.

Лоиҳаи “Мусоидат ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар ҳавзаҳои хурди об дар Осиёи марказӣ” яке аз лоиҳаҳое мебошад, ки ҳамкориро барои дастигирии ислоҳоти сектори обёрии Тоҷикистон ташкил мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное