Корхонаи навбатии муштараки Тоҷикистону Чин аз пардохти андозу боҷ озод шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 27 май тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015»-ро оид ба аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод кардани корхонаи муштаракаи Тоҷикистону Чин «Ху Чан Ғаюр Индастрал»-ро дастгирӣ намуд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова ба вакилон дар […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 27 май тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015»-ро оид ба аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод кардани корхонаи муштаракаи Тоҷикистону Чин «Ху Чан Ғаюр Индастрал»-ро дастгирӣ намуд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова ба вакилон дар ин робита маълумот дод, ки аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод кардани таҷҳизоту технологияи ин ширкат ба маблағи 18 млн. доллари ИМА пешниҳод мешавад. Маблағи умумии воситаҳое, ки дар ин ҳолат ба буҷети кишвар ворид намегардад, 4,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Ху Чан Ғаюр Индастрал» айни замон ба сохтмони ду корхонаи истеҳсоли варақаҳои гипсокартонӣ ва масолеҳи сохтмони насбу ороиш дар ноҳияи Ёвон машғул аст. Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи аввал ахири моҳи июни соли равон ва корхонаи дуюм низ моҳи декабри ҳамин сол дар назар аст, ки дар онҳо 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.

Зимни суханронӣ назди намояндагони мардумӣ директори генералии ширкати мазкур Акбар Ғуломов (писари собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ, марҳум Асадулло Ғуломов) изҳор кард, ки корхонаи истеҳсоли варақаҳои гипсокартонӣ аввалин корхона дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки гипсокартон ва ва ғурагач истеҳсол мекунад.

«Имрӯз талаботи Тоҷикистон ба варақаҳои гипсокартонӣ 7 ҳазор варақа дар як шабюонарӯзро ташкил медиҳад ва ғайр аз ин, боз дар як шабонарӯз 3 ҳазор варақаи истеҳсоли корхона ба Афғонистон содирот мешавад», – зикр кард Ғуломов.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.