Рӯзи 26 майи 2015 раиси шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср Ҷалол Саид сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, дар партави густариши муносибатҳои ҳасанаи дуҷонибаи Тоҷикистону Миср аҳаммияти барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид шуд.
Гуфта мешавад, Қоҳира, ки ҳоло беш аз 10 млн нафар аҳолӣ дорад, дар соли 969 дар канори рӯди Нил бунёд гардида, дорои осори фаровони арзишманди таърихӣ мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрав дар қарни XI мелодӣ аз пойтахти Фотимиён боздид намуда, Қоҳираро дар “Сафарнома”-и худ шаҳре камназир номидааст.



