Сафири Тоҷикистон дар ҳузури раиси шаҳри Қоҳира

Рӯзи 26 майи 2015 раиси шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср Ҷалол Саид сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, дар партави густариши муносибатҳои ҳасанаи дуҷонибаи Тоҷикистону Миср аҳаммияти барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 26 майи 2015 раиси шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср Ҷалол Саид сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.


Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, дар партави густариши муносибатҳои ҳасанаи дуҷонибаи Тоҷикистону Миср аҳаммияти барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид шуд.

Гуфта мешавад, Қоҳира, ки ҳоло беш аз 10 млн нафар аҳолӣ дорад, дар соли 969 дар канори рӯди Нил бунёд гардида, дорои осори фаровони арзишманди таърихӣ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрав дар қарни XI мелодӣ аз пойтахти Фотимиён боздид намуда, Қоҳираро дар “Сафарнома”-и худ шаҳре камназир номидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.