Рӯзи 25 май бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат маросими ифтитоҳи машқгоҳи нави ҳарбии кӯҳӣ доир гардид.
Ҳамроҳ бо генералҳои тоҷик сарвари давлат бо машқгоҳ ва қобилияту малакаҳои ҷангии сарбозон аз наздик ошно гардид. Яке аз чорабиниҳои ҷолиб, ки дар ҳузури сарвари давлат баргузор шуд, тирпарронии сарбоздухтарони тоҷики нишонзан буд. Сарбоздухтарони нишонзани тоҷик бехато тирпарронӣ карданд.



