Боздиди муовини яке аз Дафтарҳои СММ аз ВКХ Тоҷикистон

Рӯзи 27 майи соли 2015 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи мухаддир таҳти унвони “Таҳкими талошҳо доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар бахши мубориза бо маводи мухаддир” мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода бо муовини Директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Алдо Лале-Демоз доир гардид. […]

ASIA-Plus



Рӯзи 27 майи соли 2015 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи мухаддир таҳти унвони “Таҳкими талошҳо доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар бахши мубориза бо маводи мухаддир” мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода бо муовини Директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Алдо Лале-Демоз доир гардид.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо ин чолишҳо дар чаҳорчӯби Барномаи нави UNODC барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (2015-2019) бори дигар таъкид намуданд.

Ҳамзамон, ҳарду ҷониб баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи мухаддирро дар ш.Душанбе як сол қабл аз ҷаласаи вежаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба маводи мухаддир дар соли 2016 хамчун чорабинии саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.