Сиёсатмадори маъруф, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабодолов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки сиёсати қавмии кадрии раҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон ба чунин зуҳуроти шармандасоз аз қабили ба сафҳои созмони террористии ДИИШ пайвастани фармондеҳи бонуфузи яке аз сохторҳои қудратӣ оварда мерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба қазияи фирори фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ полковник Гулмурод Ҳалимов президенти Тоҷикистонро зарур аст, ки сари масъалаи сиёсати кадрӣ ҷиддӣ андеша кунад.
«Сарфи назар аз ба камбудиҳои зиёд роҳ додани кормандони сохторҳои қудратии кишвар, ки ба ҳар навъе вазифаҳои хизматии худро оид ба таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ иҷро мекунанд, мардум ба онҳо бовар дорад, вале фирори фармондеҳи чунин сатҳ метавонад ба ин эътимод ҳам ба падарон-фармондеҳону ҳам ҳукуматдорон ва сиёсатмадорон рахна ворид намояд», – қайд кард сиёсатмадор.
Шабдолов чунин мешуморад, ки Конститутсияи Тоҷикистон, ки замони шиддатёбии даргириҳои шаҳрвандӣ қабул шуд, ба мутамарказ сохтани тамоми ҳокимяит ба дасти як нафар – президент ҳуқуқ медиҳад.
«Вале ҷанг хотима ёфта, замони роҳандозии ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар фаро расидааст, маҳдуд кардани ҳокимияти президент ва ба ҳукумату парлумон додани қисмате аз ваколатҳои ӯ зарур аст ва дар ин ҳолат кадрҳо ба ҳамаи бахшҳо на аз рӯи садоқати шахсӣ ба касе, балки бо эътирофи мардум интихоб мешаванд», – гуфт ӯ.
Раиси ҲКТ мутмаин аст, ки дар ҳама гуна давлати муътадил ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани чунин ҳодисаҳои хиёнаткорӣ, ки аз ҷониби фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон
содир шуд,
на танҳо вазири корҳои дохилӣ, балки раҳбарияти тамоми сохторҳои қудратӣ ба итсеъфо мерафтанд.



