Афтиши қурби доллар дар Тоҷикистон идома дорад

Поинравии қурби доллари ИМА нисбат ба арзи миллӣ – сомонӣ, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта шурӯъ шуда буд, идома дорад. Давоми рӯзи 27 май дар бозори нақди шаҳри Душанбе қурби доллари амрикоӣ нисбати сомонӣ тақрибан ба андозаи 5% коҳиш ёфт. Ахири рӯз қурбҳои хариду фурӯши доллари амрикоии нақд дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 6,00-6,02 сомониро […]

Пайрав Чоршанбиев



Поинравии қурби доллари ИМА нисбат ба арзи миллӣ – сомонӣ, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта шурӯъ шуда буд, идома дорад.

Давоми рӯзи 27 май дар бозори нақди шаҳри Душанбе қурби доллари амрикоӣ нисбати сомонӣ тақрибан ба андозаи 5% коҳиш ёфт. Ахири рӯз қурбҳои хариду фурӯши доллари амрикоии нақд дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 6,00-6,02 сомониро ташкил доданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки нимаи аввали рӯз қурби он ба 6,30-6,32 (барои 1 $) сомонӣ баробар буд.

Коҳиши бесобиқаи қурби доллари ИМА ба он оварда расонид, ки дар муқоиса бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби доллар дар бозор қариб 4,4 фоиз поин рафт. Қурби доллари ИМА, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 28 май муқаррар карда шудааст, 6,2685 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки раванди беқурбшавии доллари ИМА нисбати сомонӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта шурӯъ гардид. Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта қурби доллар аз 6,52-6,54 сомонӣ то 6,40-6,42 сомонӣ ва рӯзи сешанбе то 6,30-6,32 сомонӣ поин рафта буд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон тамоили мазкурро ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби раҳбарияти нави бонк дар ҳамдастӣ бо дигар бонкҳои кишвар, кам шудани талабот ба асъори амрикоӣ ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ

марбут медонанд.

Дар ин робита 

чанде аз коршиносони

 бахши молияву иқтисоди кишвар низ ба хабаргузории «Азия-Плюс» 

фикру андешаҳои

 худро изҳор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.