Ҷаримаи мушовири раиси ҲНИТ барои серзанагӣ

Саид Иброҳим Назар, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз нафароне, ки моҳи августи соли 1990 дар баргузор намудани анҷумани таъсисотии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Астрахан саҳмгузор буд, бо қарори суди яке аз ноҳияҳои пойтахт барои серзанагӣ ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд. Дар сюжете, ки шоми рӯзи 27 май тариқи […]

Аваз Юлдошев



Саид Иброҳим Назар, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз нафароне, ки моҳи августи соли 1990 дар баргузор намудани анҷумани таъсисотии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Астрахан саҳмгузор буд, бо қарори суди яке аз ноҳияҳои пойтахт барои серзанагӣ ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Дар сюжете, ки шоми рӯзи 27 май тариқи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, мансабдори ҲНИТ зимни бозпурсии муфаттиш далели серзанагии худро эътироф мекунад.

Дар ин навори телевизионӣ таъкид мешавад, ки Саид Иброҳим Назар дар як вақт бо чор зан зиндагонӣ карда, бо занон якҷоя хоҷагидорӣ кардаву аз онҳо кӯдак доштааст.

Ғайр аз ин, дар сюжет сабти видеоии аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасшуда намоиш дода шуд, ки дар он тафсилоти маҳрамонаи мушовири раиси ҲНИТ бо як зан, ки бо ӯ ақди никоҳ надоштааст, ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар суҳбат бо муфтаттиш С.И.Назар ҳақиқӣ будани ин сабтро низ тасдиқ кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.