Нахуствазири ҷумҳурӣ ба Қазоқистон раҳсипор шуд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи рӯзи 29 майи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) субҳи имрӯз ба Қазоқистон раҳсипор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар ҷаласаи мазкур баррасии беш аз 20 лоиҳаи санадҳо оид ба самтҳои гуногуни ҳамкориии кишварҳо дар доираи […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи рӯзи 29 майи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) субҳи имрӯз ба Қазоқистон раҳсипор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар ҷаласаи мазкур баррасии беш аз 20 лоиҳаи санадҳо оид ба самтҳои гуногуни ҳамкориии кишварҳо дар доираи Иттиҳод дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масоили амалу тадбирҳои муштараки кишварҳои узви ИДМ дар ҳалли масоили молиявӣ, ҷараёни амалишавии асноди қабулшуда оид ба танзими ҳамкориҳои инноватсионӣ, ҳамкориҳо дар бахшҳои хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал дар даҳсолаи наздик, рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо, тадбирҳои ба сатҳи баландтар расонидани ҳамкориҳо ва ба ин васила ноил гардидан ба беҳбуди некӯаҳволии мардум, рушди бозори маҳсулот ва хизматгузорӣ, лоиҳаҳои Консепсияи ҳамкориҳои минтақавӣ ва марзӣ барои давраи то соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Зимнан зикр гардид, ки дар Қазоқистон ҳамчунин дидору гуфтушуниди Қоҳир Расулзода бо чанде аз ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДМ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.