Собиқ ҳамсафони фармондеҳи ОМОН: Ҳеҷ кас ба ӯ бовар надошт



Собиқ ҳамсафони фармондеҳи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон, ки ба сафҳои ДИИШ пайваст, ба шарти ифшо нагардидани ному насабашон ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки чанд сол қабл Гулмурод Ҳалимов бо супориши КДАМ барои робита доштан бо ҳаракати мамнӯъи «Салафия» аз кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ озод гардида, вале баъдтар дубора боз ба кор баргаштааст.

«Он замон ин масъала базудӣ ҳал шуд, вале маълум нест, ки чӣ гуна ин ба ӯ муяссар гардида, ба ОМОН баргашт ва фармондеҳ таъин шуд», – гуфт ҳамсуҳбати «Азия-Плюс».

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд Г.Ҳалимов аз соли 1997 дар ОМОН хизмат мекард, бо вуҷуди ин «ҳеҷ кас ба ӯ бовару эътимод надошт».

«Ӯ як ҷангии қаторӣ буд, аз дигарон ҳеҷ фарқе надошт, вале ҳеҷ гоҳ ба ӯ бовар кардан мумкин набуд. Ташвишҳои мо пас аз марги фармондеҳи ОМОН Олег Захарченко тасдиқи худро ёфтанд, зеро Ҳалимов нисбати Захарченко носазо мегуфт. Барои мо бошад, ин фармондеҳи ҳалокшуда дахлнопазир, фармондеҳ ва афсари ҳақиқӣ буд», – гуфт ҳамсуҳбат.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Г.Ҳалимов ҳеҷ гоҳ ба мақомои баланди фармондеҳии худ мутобиқат надошт. «Фармондеҳ ҷангиёни худро ба ҳоли худашон партофта наметавонад, афсар хоин буда наметавонад. Захарченко худро зери масъулият гузошта, аз зертобеъонаш ҳимоят мекард. Бояд дар хотир дошта бошед, он замон ВАО ҳам дар ин бора навишта буданд. Захарченко ҳис мекард, ки бо ӯ чизе рух медиҳад, вале инро нодида гирифта, қадаме ҳам ба қафо нарафт ва ба Ғарм барои иҷрои вазифа раҳсипор шуд, ки дар натиҷа кушта шуд. Ба ин гуна, шояд Ҳалимов ҳам чизеро ҳис кард, вале ҷуръату иродааш камӣ кард, то ки бимонад», – изҳор намуд манбаъ.

Ба андешаи ӯ, ба ҳар ҳол миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Гулмурод Ҳалимов дастгирии зиёде пайдо нахоҳад кард, зеро дар байни ҳамкасбон ҳеҷ гоҳ аз нуфузи баланд бархӯрдор набуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Интернет навори видеоӣ бо ҳузури 

фармондеҳи бедаракшудаи ОМОН ВКД Тоҷикистон 

интишор шуд, ки дар он ӯ аз Сурия тоҷикистониён, бахусус муҳоҷиронро ба ҷиҳод даъват мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное