Зойиров сиёсати кадрии қавмии ҳукуматро танқид кард

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров назари худ ба қазияи ба сафҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастани фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (Омон)-и ВКД Тоҷикистонро баён кард. «Ба андешаи ман, ин фармондеҳ: а) мусулмонест, ки фаҳмиши ба худ хоси ДИИШ-ро дорад; б) дарки моҳияти ДИИШ ва ғояи мубориза барои арзишҳои ислом аз ҷониби ӯ […]

Аҳлиддин Салимов



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров назари худ ба қазияи ба сафҳои Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастани фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (Омон)-и ВКД Тоҷикистонро баён кард.

«Ба андешаи ман, ин фармондеҳ: а) мусулмонест, ки фаҳмиши ба худ хоси ДИИШ-ро дорад; б) дарки моҳияти ДИИШ ва ғояи мубориза барои арзишҳои ислом аз ҷониби ӯ метавонанд ҳам қолабҳои устувор дошта бошанду ҳам ба душвориҳои зиндагӣ вобаста бошанд ва ё бар асоси қарордод сурат гирифта бошанд; в) возеҳ аст, ки бар асоси фаҳмиши худ ӯ бо сиёсати ҳокимияти давлатии ҶТ розӣ нест, яъне ба он ҷо раҳсипор шудани ӯро метавон ҳам аз лиҳози этникиву динӣ ва ҳам аз нигоҳи моддӣ-молиявӣ арзёбӣ намуд», – мегӯяд Зойиров.

«Ғайр аз ин, сиёсати кадрии қавмӣ (хешутаборчигӣ)-и ҳукумат низ истисно нест, кидар он  барои хизматчиён, бахусус дар сохторҳои қудратӣ «равзанае» ба олами рӯшанӣ дида намешавад, яъне ба самти генералу роҳбар шудан. Сиёсати кадрии хешутаборчигӣ, бахусус дар бахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судӣ омили муҳими гумроҳӣ барои хизматчиёни берун аз қавм аст, ки маҷбур мешаванд аз он хулосаҳои даркорӣ бароранд. Фирор танҳо як қисмате аз ин гумроҳӣ ва ҷустуҷӯи роҳи худ дар зиндагӣ аст», – гуфт ӯ.

«Аслан бисёре аз ин афрод ояндаеро барои рушди мустақил ва пешравӣ дар касби мансабҳои баландтарро надида, ба осонӣ аз кор мераванд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.