Сарбози ҳамсафашро латукӯбкарда ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 27 май хизматчии ҳарбӣ Фаррух Пӯлодовро дар бузургсолорӣ (дедовшина) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре аз Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»  дар ин робита хабар доданд, Фаррух Пӯлодов ба лату кӯби ҳамхизматаш, сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ Баҳриддин Насриддинов, ки бар асари он ӯ […]

ASIA-Plus



Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 27 май хизматчии ҳарбӣ Фаррух Пӯлодовро дар бузургсолорӣ (дедовшина) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре аз Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»  дар ин робита хабар доданд, Фаррух Пӯлодов ба лату кӯби ҳамхизматаш, сарбози хизмати ҳатмии ҳарбӣ Баҳриддин Насриддинов, ки бар асари он ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт, айбдор дониста шудааст.

Ёдрас мешавад, ки рӯзи 6 марти соли 2015 сарбози қисми ҳарбии 12019-и Вазорати мудофиаи ҶТ Фаррух Пӯлодов ба хотири нишон додани бартарияти ҷисмонии худ, ҳамхизматаш Б.Насриддиновро дар ошхонаи қисми низомӣ лату кӯб мекунад, ки бар асари он ӯ ба бемористон мунтақил шуда, муддати чанд рӯз ба ҳуш намеояд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз манфиатҳои сарбози ҷабрдида Б.Насриддинов дар суд адвокати ТҶ «Дафтари озодиҳлои шаҳрвандӣ» Дилшод Ҷӯраев ҳимоят кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.