Ҷашнвораи эҷодии «Диёри кӯдакон» аз «Азия-Плюс»



Дар остонаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» рӯзи 30 май дар «Боғи Пойтахт» ҷашнвораи эҷодии «Диёри кӯдакон» (Маленькая страна)-ро барпо кард.

Кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои нопурра, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои №1 ва №4 ва ҳамчунин хонаи кӯдакони №1 – дар маҷмӯъ 200 нафар кӯдакони сини аз 6 то 12-сола меҳмони ҷашнвора шуданд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора муддати ду соат озмунҳои шавқовар, викторинаҳои аҷиб ва бозиҳои фаъол доир гардида, кӯдакон дар онҳо иштирок ва соҳиби туҳфаҳо шуданд. Ҳамчунин дар ҷашнвора овозхонҳои маъруфи эстрадаи тоҷик аз гурӯҳи «Авеста» Зафар Абдуалимов, Парвин Юсуфӣ, Рустам Исоев ва овозхону мусиқанавозони наврас ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Аввалин Бонки молиявии хурд сарпарасти кулли ҷашнвораро ба уҳда дошт. Сарпарастони дигари ҷашнвора: Комбинати шири Душанбе, аквапарки «Делфин», қаҳвахонаи «Segafredo Zanetti» ва Ташкилоти хурди қарздиҳии «Имон Интернэшнл». Чорабинӣ бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанги ҶТ доир гардид.

spot_imgspot_img

Популярное