Ҷашнвораи эҷодии «Диёри кӯдакон» аз «Азия-Плюс»

Дар остонаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» рӯзи 30 май дар «Боғи Пойтахт» ҷашнвораи эҷодии «Диёри кӯдакон» (Маленькая страна)-ро барпо кард. Кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои нопурра, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои №1 ва №4 ва ҳамчунин хонаи кӯдакони №1 – дар маҷмӯъ 200 нафар кӯдакони сини аз 6 то 12-сола меҳмони ҷашнвора шуданд. […]

ASIA-Plus



Дар остонаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» рӯзи 30 май дар «Боғи Пойтахт» ҷашнвораи эҷодии «Диёри кӯдакон» (Маленькая страна)-ро барпо кард.

Кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои нопурра, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои №1 ва №4 ва ҳамчунин хонаи кӯдакони №1 – дар маҷмӯъ 200 нафар кӯдакони сини аз 6 то 12-сола меҳмони ҷашнвора шуданд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора муддати ду соат озмунҳои шавқовар, викторинаҳои аҷиб ва бозиҳои фаъол доир гардида, кӯдакон дар онҳо иштирок ва соҳиби туҳфаҳо шуданд. Ҳамчунин дар ҷашнвора овозхонҳои маъруфи эстрадаи тоҷик аз гурӯҳи «Авеста» Зафар Абдуалимов, Парвин Юсуфӣ, Рустам Исоев ва овозхону мусиқанавозони наврас ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Аввалин Бонки молиявии хурд сарпарасти кулли ҷашнвораро ба уҳда дошт. Сарпарастони дигари ҷашнвора: Комбинати шири Душанбе, аквапарки «Делфин», қаҳвахонаи «Segafredo Zanetti» ва Ташкилоти хурди қарздиҳии «Имон Интернэшнл». Чорабинӣ бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанги ҶТ доир гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.