Вохӯрии Р.Раҳимзода бо фармондеҳи марзбонии Эрон



Нимаи дуюми рӯзи 1 июн вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо фармондеҳи марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон генерал-майор Қосим Ризоӣ вохӯрӣ баргузор намуд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Эрон ҳамчунин сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар менависад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тарафайн дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилоот ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад,  дар мулоқот зикр гардид, ки ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои судманди байни мақомотҳои ду кишвари бо ҳам дӯсту наздик манфиатдоранд.

spot_imgspot_img

Популярное