Кӯдакони Хуҷанд соҳиби боз 4 майдончаи нави варзишӣ шуданд

Бахшида ба Рӯзи муҳофизати кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд 4 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ба истифода додани майдончаи варзишии назди бинои баландошёнаи №162-и маҳаллаи «Тути калон» иштирок намуд. Майдончаи мазкур бо ташаббуси сокинон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри […]

ASIA-Plus



Бахшида ба Рӯзи муҳофизати кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд 4 майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ба истифода додани майдончаи варзишии назди бинои баландошёнаи №162-и маҳаллаи «Тути калон» иштирок намуд.

Майдончаи мазкур бо ташаббуси сокинон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёд гардида, дар он барои бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол дар масоҳати зиёда аз 20 метри мураббаъ шароит фароҳам оварда шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода барои ин ташаббуси наҷиб ба сокинони хонаи баландошёнаи маҳаллаи мазкур изҳори сипосмандӣ намуда, ба масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ супориш дод,ки барои васеъ намудани ҳудуди майдончаи варзишӣ, гузоштани таҷҳизоти варзишии иловагӣ барои ҷавонону наврасони ин маҳал мусоидат намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки баъди мавриди истифода додани ин майдонча зиёда аз 100 нафар кӯдакону наврасони биноҳои баландошёнаи мавзеи номбурда имкони машғул шудан ба бозиҳои варзишии гуногунро пайдо намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.