Дар АНМН ҳудуди 200 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд

Рӯзи 1 июн дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентӣ полковник М. Ҳайдарзода, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақил иштирок намуда, кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд. Бино ба […]

ASIA-Plus



Рӯзи 1 июн дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентӣ полковник М. Ҳайдарзода, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақил иштирок намуда, кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ афсарон дар назди роҳбарияти Агентӣ бо қадами сафӣ гузашта, сипас 

дар толори Агентӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он меҳмонон: намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, идораи зиддимухаддиротии ШМА иштирок намуданд.

Муовини Директори Агентӣ полковник Ҳайдарзода М. табрикоти роҳбарияти Агентиро ба ҳайати шахсӣ қироат намуда, инчунин меҳмонон низ роҳбарият ва кормандони Агентиро табрик намуда, дар кору фаъолият бурдбориҳо таманно намуданд.

Сипас ба кормандони фаъоли Агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуданд.

Дар анҷоми чорабиниҳо дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки комиссияи махсус дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 197 кг 971 гр маводи мухаддир, аз ҷумла 2 кг 146 гр героин, 13 кг 098 гр афюн, 181 кг 767 гр бангдона сӯзонида шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=vL4acgLL9Xs

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.