Коршинос: Дар нишасти Уфаи СҲШ сафи кишварҳои созмон зиёд шуда метавонад

Коршиноси масоили сиёсӣ ва журналист Нуралӣ Давлат дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар робита ба нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 9-10 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, изҳор намуд, ки дар ин нишаст эҳтимоли пазируфтани Муғулистон ба ҳайати созмон зиёд аст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Муғулистон қариб бо […]

Аваз Юлдошев



Коршиноси масоили сиёсӣ ва журналист Нуралӣ Давлат дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар робита ба нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 9-10 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, изҳор намуд, ки дар ин нишаст эҳтимоли пазируфтани Муғулистон ба ҳайати созмон зиёд аст.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Муғулистон қариб бо ҳеҷ кадоме аз кишварҳои ҷаҳон мушкилоте надошта, бо ду кишвари пешрафтаи СҲШ – Русия ва Чин марзи умумӣ дорад, ки барои шомил гардидан ба созмон имкон медиҳад.

Ғайр аз ин, изҳор намуд коршинос, ҳамчунин эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки дар нишасти Уфа Беларус аз шарики муколамаи СҲШ ба мақоми давлати нозири созмон гузаронида шавад.

Ба андешаи Н.Давлат, талоши Эрон барои ба узвияти СҲШ пазируфта шудан алҳол бесамар хоҳад буд, зеро ин давлат бо бисёре аз кишварҳои дунё, бахусус дар робита ба барномаи ҳастаӣ мухолифатҳо дорад.

«Ба бисёре аз сиёсатмадорон ва коршиносон саҳеҳан маълум нест, ки СҲШ аз НАТО чӣ тафовуте дорад, Афғонистоне, ки амалан аз ҷониби НАТО ғасб шудааст, давлати нозири СҲШ мебошад, Покистон – иттифоқчии бузурги ИМА дар минтақа низ дар СҲШ чунин мақом дорад, вале ин ҷо мебояд таъкид намуд, ки Исломобод бо Пекин муносибатҳои ҳамҷавории хуб дорад ва Туркия ҳам, ки узви НАТО аст, дар СҲШ мақоми шарик оид ба муколамаро дорад», – қайд кард номбурда.

Коршинос ҳамчунин илова намуд, ки дар нишасти Уфа саҳеҳтар муайян шудани мавқеъҳои Созмон дар ҷаҳони муосир комилан имконпазир аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.