Ташрифи волии музофоти Ҳамадони Эрон ба Хатлон

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода рӯзи 31 май бо волии музофоти Ҳамадони Эрон Муҳаммад Носири Некбахт дидору гуфтушунид кард. Намояндагии дипломатии Душанбе дар Теҳрон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин вохӯрӣ дар остонаи сафари волии Ҳамадон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор шудааст. Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо миёни бародаршаҳрҳо – […]

Аваз Юлдошев



Сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода рӯзи 31 май бо волии музофоти Ҳамадони Эрон Муҳаммад Носири Некбахт дидору гуфтушунид кард.

Намояндагии дипломатии Душанбе дар Теҳрон дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ин вохӯрӣ дар остонаи сафари волии Ҳамадон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо миёни бародаршаҳрҳо – Кӯлобу Ҳамадон, афзоиши квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии музофот, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии ҳамкориҳои ҷонибҳо дар рушди бахшҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, маориф ва тандурустиро баррасӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.