Ба Тоҷикистон роҳандозии ислоҳоти иқтисодии бештар муассирро тавсия медиҳанд

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки барои суръатбахшӣ ба рушди иқтисод дар давраи миёнамуҳлат, ба Тоҷикистон роҳандозии ислоҳоти бештар муассир зарур аст. «Сарфи назар аз поинтар будани нишондиҳандаҳо нисбат ба натиҷаҳои қаблан касбкарда, то соли 2017 Тоҷикистон бояд тадриҷан ба сатҳи бештари рушд ноил гардад», – зикр мегардад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ. Дар давраи […]

Пайрав Чоршанбиев



Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки барои суръатбахшӣ ба рушди иқтисод дар давраи миёнамуҳлат, ба Тоҷикистон роҳандозии ислоҳоти бештар муассир зарур аст.

«Сарфи назар аз поинтар будани нишондиҳандаҳо нисбат ба натиҷаҳои қаблан касбкарда, то соли 2017 Тоҷикистон бояд тадриҷан ба сатҳи бештари рушд ноил гардад», – зикр мегардад дар

гузориши

Бонки ҷаҳонӣ.

Дар давраи миёнамуҳлат мутахассисони бонк барои Тоҷикистон «дар сурати амалисозии сиёсати масъулиятноки макроиқтисодӣ ва таъмини суръатҳои кофии ислоҳоти сохторӣ», барқарор шудани сатҳи рушдро пешгӯӣ мекунанд. Онҳо интизорӣ доранд, ки «ҳаҷми сармоягузории хусусӣ то 8% нисбат ба ММД афзоиш ёфта, вазъ дар бахши молиявӣ ва  муҳити тиҷорат рӯ ба беҳбудӣ мениҳад».

Тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар дурнамои миёнамуҳлат ҳаҷми сармоягузории маҷмӯавӣ ба 19% нисбати ММД мерасад. «Дар баробари беҳтар шудани вазъ дар ҷаҳон ва идоракунии иқтисод, афзоиши иқтисод бо сармоягузориҳои хусусӣ ва содирот таъмин карда мешавад», – қайд мекунанд коршиносони бонк.

Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки соли 2015 афзоиши ММД Тоҷикистон то 3,2% поин рафта, соли 2016 сатҳи афзоиши ММД то 4,4% ва соли 2017 – то 5,2% барқарор мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо суръати афзоиши ММД Тоҷикистон дар сатҳи 7,4% дар соли 2013, соли 2014 суръати афзоиши он то 6,7% поин рафта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.