Сафарбарии беш аз 1 ҳазор нафар ба мубориза зидди малах

Дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар ба мубориза бо ҳуҷуми малахҳо ба боғу киштзор сафарбар шуданд. Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон майдони умумии фарогири малах дар ҷумҳурӣ беш аз 79,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ҳуҷуми малахҳо бештар дар минтақаи ҷануб – вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад, ки он майдони […]

ASIA-Plus



Дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар ба мубориза бо ҳуҷуми малахҳо ба боғу киштзор сафарбар шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии ҶТ, айни замон майдони умумии фарогири малах дар ҷумҳурӣ беш аз 79,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳуҷуми малахҳо бештар дар минтақаи ҷануб – вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад, ки он майдони умумии зиёда аз 40,4 ҳазор гектарро фаро гирифта, дар вилояти Суғд малахҳо ба 20 ҳазор гектар майдони кишт ҳуҷум кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки майдони умумии то имрӯз бо маҳсулоту заҳрҳои зидди малахи кимиёвӣ коркардшуда дар боғу киштзорҳои фарогири он зиёда аз 55,3 ҳазор гектарро ташкил дода, барои анҷоми ин кор аз 51 адад тракторҳо ва аэрозол, 498 адад чангпошакҳои дастӣ ва муҳаррик истифода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.