Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ва роҳбари диаспораи тоҷикон дар вилояти Ярославл Рустам Мирзохоҷаев ҷасади муҳоҷири тоҷик, сокини ноҳияи Темурмалик Амонулло Қувандикови 23-сола, ки дар маҳалли сохтмон даст ба худкушӣ зад, ба ватан фиристода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов хабар дод.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки дар сохтмони манзили зист дар деҳаи Устйеи ноҳияи Ярославл машғули кор буд, дар ҷойи кораш худро ба дор овехт.
Ба гуфтаи як хеши ӯ, ахиран марҳум аз дарди сар шикоят доштааст, ки баъди ҷароҳат бардоштан зимни кор ӯро бештар азият медодааст.
А Қувандиков дар сохтмони манзил ба корҳои ороишу пардоз машғул буда, қаблан дар бораи даст ба худкушӣ хадан ҳарфе намегуфтааст.



