Мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович вохӯрӣ доир намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Турганбаев Мелис Токтомамбетовичро барои ташриф овардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Турганбаев Мелис Токтомамбетовичро барои ташриф овардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар рӯз аз рӯз рушду нумӯъ ёфта истодаанд. Ҳарду кишвар дар доираи фаъолияти ИДМ, Созмони иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини сулҳу субот дар минтақа нақши муҳим доранд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз маркази боэътибор дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гардидааст.

Дар навбати худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович барои пазироии гарму самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳамеша барои ҳамкориҳои судманд бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ омодааст.

Дар хотимаи вохӯрӣ Вазирони ҳарду ҷониб Фармони якҷоя оид ба таъсис додани Мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро ба имзо расониданд.

Зикр гардид, ки ҳуҷҷати имзогардида, дар навбати аввал ба ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, имкон медиҳад, ки робитаҳо боз ҳам тақвият дода шаванд.

Мавриди қайд аст, ки имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Турганбаев Мелис Токтомамбетович бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Вазирони корҳои дохилӣ ва бехатарии ҷамъиятии   давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф овард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.