Мулоқоти роҳбарони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Афғонистон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар ҷаноби Нурулҳақ Улумӣ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сараввал Рамазон Раҳимзода, Вазири умури дохилӣ ва ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба сарзамини офтобии Тоҷикистон хушомадед гуфта, зикр кард, […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар ҷаноби Нурулҳақ Улумӣ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, сараввал Рамазон Раҳимзода, Вазири умури дохилӣ ва ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба сарзамини офтобии Тоҷикистон хушомадед гуфта, зикр кард, ки робитаи байни ду вазорат бар асари саъю кӯшиш ва талошҳои муштарак рӯ ба густариш ниҳодааст.

Солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти корҳои дохилии кишварҳои хориҷи дуру наздик дар доираи созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ривоҷ ёфта истодаанд.

Муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвари бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар заминаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудааст.

Бояд қайд кард, ки соли 2005 Созишнома байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин соли 2014 Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷанба байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Созишномаҳои мазкур ҷиҳати рушди фаъолонаи ҳамкориҳо миёни ҳарду Вазорат дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан дар шаклҳои муташаккили он равона гардидааст.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷонибдори стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошанд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нурулҳақ Улумӣ изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилаи мо бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳо бо пуррагӣ вусъат ёфта, ҳамкориҳо дар дигар самтҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои байналмилалӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.