Вазири энергетикаи Кувайт иштирокаш дар Конфронси оби Душанберо тасдиқ кард



Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдов бо Вазири энергетика ва оби Давлати Кувайт Аҳмад ал-Ҷассор дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои энергетикиву обӣ байни ду кишвар ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Ҳайати расмии Кувайт зери роҳбарии Вазири энергетика ва об Аҳмад ал-Ҷассор дар чорабинии дар пешистода иштирок менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки аз Давлати Кувайт се ҳайат: ҳайати ҳукуматӣ, ҳайати Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб ва ҳайати ширакти MAI Resources International дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 иштирок хоҳанд кард.

Ҳамчунин 3 июни 2015 мулоқоти Сафир бо Мушовири девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ ал-Маътуқ доир гардид, ки зимни он дар масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули назар сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное