Вазири энергетикаи Кувайт иштирокаш дар Конфронси оби Душанберо тасдиқ кард

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдов бо Вазири энергетика ва оби Давлати Кувайт Аҳмад ал-Ҷассор дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои энергетикиву обӣ байни ду кишвар ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки 9-11 […]

ASIA-Plus



Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдов бо Вазири энергетика ва оби Давлати Кувайт Аҳмад ал-Ҷассор дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои энергетикиву обӣ байни ду кишвар ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Ҳайати расмии Кувайт зери роҳбарии Вазири энергетика ва об Аҳмад ал-Ҷассор дар чорабинии дар пешистода иштирок менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки аз Давлати Кувайт се ҳайат: ҳайати ҳукуматӣ, ҳайати Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб ва ҳайати ширакти MAI Resources International дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 иштирок хоҳанд кард.

Ҳамчунин 3 июни 2015 мулоқоти Сафир бо Мушовири девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ ал-Маътуқ доир гардид, ки зимни он дар масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули назар сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.