Нимаи дуюми рӯзи 5 июн вохӯрии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Го Шенкун доир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм ва сепаратизм табодули афкор намуда, қайд гардид, ки бо чунин хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳамкории судманди дутарафа метавонад баҳри мубориза бо чунин зуҳуроти номатлуб натиҷабахш бошад.
Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ Вазирони корҳои дохилии ду кишвар Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Шартнома оид ба расонидани кӯмаки техникии беғаразона ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.





