Рушди муносибатҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Габон



Нимаи дуюми рӯзи 10 июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба рушди муносибатҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, кӯҳкорӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Чунонки зикр гардид, ин нахустин боздиди як ҳайати расмӣ аз Габон ба Тоҷикистон аст ва изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳо вусъат хоҳанд ёфт.

spot_imgspot_img

Популярное