Э.Раҳмон: Мо Қазоқистонро шарики боэътимоди худ дар минтақа мешуморем

Дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: “Мо Ҷумҳурии Қазоқистонро шарики боэътимоди худ дар минтақа мешуморем ва омодаем, ки робитаҳои созандаю судбахшро бо он густариш диҳем”. Аз муҳайё […]

ASIA-Plus



Дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: “Мо Ҷумҳурии Қазоқистонро шарики боэътимоди худ дар минтақа мешуморем ва омодаем, ки робитаҳои созандаю судбахшро бо он густариш диҳем”.

Аз муҳайё будани заминаи хуби ҳамкорӣ ва воситаҳои тавсиаи робитаҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Ба густариши бештари ҳамкорӣ дар бахшҳои саноатии кӯҳкорӣ, кимиёӣ, сохтмонӣ, дорусозӣ, техникаи барқӣ, мошинсозӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳайёсозии шароити боз ҳам беҳтари ҳуқуқӣ барои будубоши шаҳрвандони ду кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди ҳамдигар ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва иқтисоди сабз, сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.