Дар қабулгоҳи махсуси Толятти 25 тоҷикистонӣ истирдод ба ватанро интизоранд

Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Толятии Ҳавзаи федералии Приволжеи Русия боздид намуд. Котиби матбуоти намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо сардори маркази мазкур Виктор Попов маълум шудааст, […]

Аваз Юлдошев



Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Толятии Ҳавзаи федералии Приволжеи Русия боздид намуд.

Котиби матбуоти намояндагии мақомоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо сардори маркази мазкур Виктор Попов маълум шудааст, ки аз 175 нафар шаҳрвандони хориҷии дар марказ қарордошта, 25 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки бинобар сабаби қонуншиканиҳои маъмурӣ нисбаташон қарори хориҷ кардан аз Русия содир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари марказ гуфтааст, айни замони нисбати 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия гардида, рӯзҳои наздик онҳо ба ватан фиристода мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки корманди намояндагӣ бо вазъи будубоши ва шароити зисти шаҳрвандони тоҷики мукими ин марказ шинос шуда, зимни суҳбат маълум шудааст, ки бархе аз онҳо натанҳо ҳуҷҷатиҳои иҷозаи будубоши қонунӣ дар Русия, балки ҳатто ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсияти худро надоранд.

«Айни замон Хадамоти консулгарии Тоҷикистон аз рӯи ҳар як ҳолати ҷудогона ҷиҳати омода сохтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ тадбирҳо рӯйи кор гирифта, оянда муҳоҷирон ба ватан фиистода хоҳанд шуд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.