Марзбонони тоҷик кушта шудани додарарӯси раиси парлумони Афғонистонро тасдиқ карданд

Тибқи иттилои васоити ахбори умуми Афғонистон, додарарӯси раиси парлумони ин кишвар аз ҷониби марзбонони тоҷик кушта шудааст. Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Розиқов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қочоқбари афғон марзи давлатиро гузашта, ба огоҳкунии сарҳадбонон итоат накардааст ва баъди ин аз ҷониби марзбонон ҷиҳати нобуд кардани марзшикан тадбирҳо […]

Аҳлиддин Салимов



Тибқи иттилои васоити ахбори умуми Афғонистон, додарарӯси раиси парлумони ин кишвар аз ҷониби марзбонони тоҷик кушта шудааст.

Котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Розиқов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қочоқбари афғон марзи давлатиро гузашта, ба огоҳкунии сарҳадбонон итоат накардааст ва баъди ин аз ҷониби марзбонон ҷиҳати нобуд кардани марзшикан тадбирҳо андешида шудаанд.

«Дар бораи робитаҳои хешутабории ӯ бо раиси парлумони Афғонистон мо ҳеҷ маълумоте дар даст надорем», – изҳор кард номбурда.

Сомонаи хабаргузории «Пажвок» дар шарҳи ин маълумот

хабар дода буд

, ки кушташуда ба қочоқи маводи мухаддир тариқи марзи Афғонистону Тоҷикистон машғул будааст. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар ин робита гуфтааст, ин шахсро, ки  аз ному насабаш дар ҳеҷ куҷое хабар дода намешавад, ҳангоми убури марз дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз рӯзи 6 июн марзбонони тоҷик нобуд кардаанд.

Тибқи маълумоти хабаргузории «Қундуз нюс», дар паҳлӯи кушташуда марзбонони тоҷик 25 кило маводи мухаддир ва силоҳ дарёфт кардаанд. Ҷасади ӯ ба ҷониби Афғонистон супурда шудааст.

«Қундуз нюс» ҳамчунин менависад, афсари кушташуда додарарӯси раиси парлумони Афғонистон Абдулрауф Иброҳимӣ мебошад. Қаблан аз ҷониби вазири корҳои дохилии Афғонистон ӯ ба мансаби муовини сардори хадамоти амният дар минтақаи Имом Соҳиби вилояти Қундуз таъин шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.