Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 10 июн ба сурати «онлайн» перомуни дидору мулоқотҳояш бо сиёсатмадорон ва масъулини кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Брюссел ва Женева, инчунин натоиҷи вохӯриҳо бо муҳоҷирини тоҷики муқими Аврупо дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ гузориш дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ҲНИТ, зимни гузориш Муҳиддин Кабирӣ қайд кардааст, ки аврупоиҳо дар бораи вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон маълумоти комил дар ихтиёр доранд.
Бо изҳори нороҳатӣ аз тӯлонӣ шудани сафари ахир, М. Кабирӣ таъкид намудааст, ки аз вазъияти кишвар ба хубӣ огоҳ аст ва талош дорад, рӯзҳои наздик худро дар паҳлӯи бародарону хоҳарони наҳзатӣ бубинад.
Гуфта мешавад, дар таҳлили вазъияти сиёсии кишвар ва фаъолияти бахшҳои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии кишвар Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз иқдомоти ғайриқонунии масъулини мақомоти иҷроияи маҳалӣ, шуъбаҳои КДАМ ва ВКД изҳори нигаронӣ намуда, ҷамъоварии аризаҳои аъзо ва қатъи иҷбории фаъолияти бахшхои хизбиро мухолиф ба Сарқонуни ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Оинномаи ҳизб донист ва онҳоро беэътибор шумурд.
Ҳамзамон бо маҳкум кардани ин иқдомоти ғайриқонунии мақомот, Шӯрои сиёсии ҲНИТ бори дигар ба дастгоҳи иҷроия ва роҳбарияти ҳизб дастур дод, то дар доираи қонун иқдомоти амалиро идома бидиҳанд.



