Гузориши Кабирӣ ба Шӯрои сиёсии ҲНИТ тариқи «онлайн»

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 10 июн ба сурати «онлайн» перомуни дидору мулоқотҳояш бо сиёсатмадорон ва масъулини кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Брюссел ва Женева, инчунин натоиҷи вохӯриҳо бо муҳоҷирини тоҷики муқими Аврупо дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ гузориш дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти ҲНИТ, […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ки дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 10 июн ба сурати «онлайн» перомуни дидору мулоқотҳояш бо сиёсатмадорон ва масъулини кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Брюссел ва Женева, инчунин натоиҷи вохӯриҳо бо муҳоҷирини тоҷики муқими Аврупо дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ гузориш дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ҲНИТ, зимни гузориш Муҳиддин Кабирӣ қайд кардааст, ки аврупоиҳо дар бораи вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон маълумоти комил дар ихтиёр доранд.

Бо изҳори нороҳатӣ аз тӯлонӣ шудани сафари ахир, М. Кабирӣ таъкид намудааст, ки аз вазъияти кишвар ба хубӣ огоҳ аст ва талош дорад, рӯзҳои наздик худро дар паҳлӯи бародарону хоҳарони наҳзатӣ бубинад.

Гуфта мешавад, дар таҳлили вазъияти сиёсии кишвар ва фаъолияти бахшҳои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии кишвар Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз иқдомоти ғайриқонунии масъулини мақомоти иҷроияи маҳалӣ, шуъбаҳои КДАМ ва ВКД изҳори нигаронӣ намуда, ҷамъоварии аризаҳои аъзо ва қатъи иҷбории фаъолияти бахшхои хизбиро мухолиф ба Сарқонуни ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Оинномаи ҳизб донист ва онҳоро беэътибор шумурд.

Ҳамзамон бо маҳкум кардани ин иқдомоти ғайриқонунии мақомот, Шӯрои сиёсии ҲНИТ бори дигар ба дастгоҳи иҷроия ва роҳбарияти ҳизб дастур дод, то дар доираи қонун иқдомоти амалиро идома бидиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.