Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 11 июн санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон муайян карда мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд.
«Ба ин ҷаласа ба ҷуз аъзои Шӯрои уламо, ҳамчунин олимони Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ даъват шудаанд», – гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, мувофиқи солшумории мусулмонӣ, оғози моҳи нав на дар нимашаб, ки дар тақвими григорианӣ чунин қабул шудааст, балки дарҳол пас аз ғуруби офтоб оғоз мегардад.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.



