Таъсири манфии коҳиши интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ба ҳаёти аҳолии ВМКБ



Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари буҳрони иқтисодӣ дар Русия, ба сатҳи зиндагии сокинони ин минтақа, бахусус аҳолии деҳот таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи маълумоти Раёсати рушди иқтисод ва савдои ВМКБ, тӯли 4 моҳи соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони корӣ аз Русия беш аз 8 млн. 150 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6 млн. 257 ҳазор доллари ИМА камтар аст. Дар маҷмӯъ соли 2014 муҳоҷирон ба Помир 49 млн. 675 ҳазор доллари ИМА фиристодаанд, ки нисбат ба соли 2013 ба миқдори 8 млн. 791 ҳазор доллари ИМА камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия аллакай ба поинравии босуръати қобилияти харидории аҳолии маҳаллӣ боис гардидааст, зеро пешрафти рӯзгори қисмати зиёди хонаводаҳо, бахусус дар деҳот ба интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирон хеле зиёд вобастагӣ дорад.

Ғайр аз ин, пешниҳоди қарзҳо низ ба аҳолӣ кам шуда, тайи 4 моҳи соли ҷорӣ бонкҳо ба сокинони ВМКБ ҳудуди 39,4 млн. сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба андозаи 22 млн. 846 ҳазор сомонӣ камтар аст.

Бино ба маълумоти расмӣ, имрӯз беш аз 34 ҳазор нафар сокинони ВМКБ дар хориҷи кишвар, асосан дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Ба андешаи коршиносони маҳаллӣ, дар асл шумори онҳо хеле зиёдтар аст. Муҳоҷирони кори ВМКБ беш аз 15% аз шумори умумии аҳолӣ ва зиёда аз 25% аз аҳолии коршоями минтақаро ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки муҳоҷирон 20% аз шумори умумии аҳолии дехоти ВМКБ-ро ташкил медиҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Коршиносон бар ин назаранд, ки сарфи назар аз буҳрони иқтисодӣ ва шароити душвори кор дар Русия, ба гумон аст, ки онҳо ба ватан баргарданд. Онҳо ба хубӣ огаҳанд, ки дар Кӯҳистони Бадахшон пайдо кардани кор бо дастмузди шоиста хеле мушкил аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ ҳамагӣ 667 сомониро ташкил медиҳад. Агар тасаввур намоем, ки муҳоҷирони мо ба таври оммавӣ ба бозгашт шурӯъ кунанд? Оё ҳукуматдорону ҷомеа ба чунин тарз сурат гирифтани вазъ омодаанд? Тибқи маълумоти расмӣ, дар ВМКБ ҳамагӣ ҳудуди 3,5 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд. Дар асл бошад, шумори бекорон дар вилоят бамаротиб бештар аст. Дар минтақа мушкилоти норасоии ҷойҳои корӣ хеле рӯзмарра мебошад.

Дар сурати бозгашти шумори зиёди муҳоҷирон аз Русия, табиист, ки ҳалли мушкилоти бекорӣ боз душвортар мегардад. Коршиносон бар ин назаранд, ки ба масъалаи фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ мебояд таваҷҷуҳи бештар ҷиддӣ зоҳир намуд. Ба андешаи мутахассисони маҳаллӣ, ба ҳалли мушкилоти бекорӣ рушди бештар муассири тиҷорати хурду миёна, бахши кишоварзӣ ва сайёҳӣ дар Помир мусоидат карда метавонад.

spot_imgspot_img

Популярное