Ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунид бо Ӯзбекистон муайян шуд

Ҳайати Тоҷикистон, ки даҳаи сеюми моҳи июн дар шаҳри Тошканд дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат меварзад, муайян карда шуд. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид вазирони рушди иқтисод ва савдо Неъматулло […]

Аваз Юлдошев



Ҳайати Тоҷикистон, ки даҳаи сеюми моҳи июн дар шаҳри Тошканд дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат меварзад, муайян карда шуд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид вазирони рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, нақлиёт – Шералӣ Ганҷалзода, саноат ва технологияҳои нав – Шавкат Бобозода, муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Фаттоҳ Ғоиб, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода, директории КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзолаиев, роҳбарони КВД «Тоҷик Эйр» ва КВД «Тоҷиктрансгаз» шомил шудаанд.

«Ба ҷуз шахсони зикршуда, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин аз роҳбарони Раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати нақлиёт низ иборат аст», – гуфт манбаъ.

Хотиррасон шуд, ки дар гуфтушунидҳои Тошканд ҳайати кишвари ҳамсояро муовини аввали нахуствазири кин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе, аввали моҳи январи соли 2015 Тоҷикистон баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд ва ҳамчунин равуои автобусҳои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишварро пешниҳод намуд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон ба ҳамтоёни ӯзбеки худ ҳамчунин баррасии масъалаи соддакунии дастрасии раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар, яъне гирифтани раводид бевосита дар сарҳади давлатҳо ё ба шаҳрвандони ҳарду кишвар иҷозат додани будубош дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар бидуни дастрасии раводид ба муддати як моҳро низ ироа дошт.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти интишоршудаи чанде аз васоити ахбори умуми Ӯзбекистон оид ба аз ҷониби ҳарду тараф мавриди баррасӣ қарор гирифтани комилан бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо тасдиқ нагардид.

Пас аз сафари моҳи сентябри соли гузаштаи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон, дар муносибатҳои Тошканду Душанбе возеҳан гармӣ эҳсос мешавад. Корхонаҳои Ӯзбекистон ба ҷустуҷӯи шарикон дар Тоҷикистон оғоз намуда, чанд рӯз қабл дар Хуҷанд бори нахуст вохӯрии сардорони сарситодҳои нерӯҳои марзбонии кишварҳо баргузор шуд ва ҳамчунин ҳаҷми муомилоти мол миёни давлатҳо тадриҷан рӯ ба афзоиш мениҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.