– Маълумоти бархе аз ВАО дар бораи аз ҷониби Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ тавсия додани худдорӣ аз бозгашт ба ватан асоси воқеъӣ надорад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит.
Ба гуфтаи ӯ, Муҳиддин Кабирӣ бо корҳои шахсии худ муддати тӯлонист, ки дар сафари хориҷӣ қарор дорад ва ҳамчунин дастурҳои ҷудогонаи ҳизбро низ ба иҷро мерасонад ва мунтаззам бо раҳбарияти ҲНИТ дар тамос буда, аз фаъолияти ҳизб огоҳ аст ва дар қабули қарорҳои Шӯрои сиёсии ҳизб ширкат меварзад.
«Раиси ҳизб баъди таҷлили ҷашни солгарди навбатии Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Маскав, ки ахири моҳи июн доир мегардад, ба ватан бармегардад», – гуфт М.Ҳайит.



