Барои тарбияи экологӣ надоштани фарзанд волидон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳоди узви даъвати гузаштаи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, директори мактаби таҳсилоти умуии №28-и пойтахт Гулчеҳра Ғаниеваро оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» дастгирӣ накарданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳоди узви даъвати гузаштаи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, директори мактаби таҳсилоти умуии №28-и пойтахт Гулчеҳра Ғаниеваро оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» дастгирӣ накарданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод.

«Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар имрӯз, 15 июн расман пешниҳоди собиқ вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишварро напазируфт. Ин пешниҳод аввали соли равон ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардида буд», – қайд кард манбаъ.

Моҳияти тағйироту идоваи аз ҷониби Г.Ғаниева пешниҳодшуда дар он ифода меёбад, ки дар ҷумҳурӣ бояд барои тарбияи экологии кӯдакон масъулияти падару модарон ҷорӣ карда шавад.

«Г.Ғаниева далел меорад, ки тағйироту иловаи пешниҳодшуда ба ҳифзи муҳити зист, коҳиши партовҳои маишӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, шаҳру деҳот ва навоҳи кишвар нигаронида шудааст», – таъкид дошт сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.