Назорати маблағгузории аҳзоби сиёсӣ пурзӯр мешавад



Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» баррасӣ мешавад.

Раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумон Олим Салимзода ба «Азия-Плюс» қаблан дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ин тағйироту илова асосан ба пурзӯр шудани назорати давлатӣ аз болои маблағгузории аҳзоби сиёсӣ дар кишвар нигаронида шудааст.

«Ҳадафи аслии пурзӯр шудани назорати мабалғгузории аҳзоби сиёсӣ роҳ надодан ба пулшӯйӣ, ки ба воситаи ҷинояторӣ ба даст омадааст ва маблағгузории терроризм аст», – қайд кард Салимзода.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи масъулуияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ва «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон» низ баррасӣ мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное